ДОСТОНИ НОТАМОМ
Оҳ, ин хат хати як ҷононест,
Ёфтам ногаҳаш аз байни китоб.
Хондаму боз бихондам онро,
Охираш буд «фиристед ҷавоб!»
Буд вақте, ки нависандаи хат
Дӯст медошт маро аз дилу ҷон.
Рафт он давр, валекин мактуб
Ёд овард маро з-он даврон.
Хоб аз чашм париду дили ман
Боз дар ёди ҳамон ёр тапид.
Ҷустуҷӯ кард варо дар олам
Мисли онрӯза варо лек надид.
Боз аз пеши назар мегузарад
Тарҳи рӯяш, нигаҳаш, лаъли лабаш.
Боз бо чашми хаёлам дидам
Дар ҳамин лаҳза, дар ин нисфи шабаш.
Лек ман боз ба фармони хаёл
Лаби рӯд омадаму биншастам.
Шодам аз бӯсаю оғӯшу канор
Аз нигаҳҳои хумораш мастам.
Оҳ, мактуб, чаро дар дили шаб
Дари андӯҳ ба ман бикшодӣ.
Додӣ озору алам, доду фиғон,
Ҳасрату сӯзи гаронам додӣ.
Ҳамчунон сурати тифлӣ ту маро
Шоҳиди зиндагии бесудӣ.
Шоҳиди ишқи пушаймонгашта,
Шоҳиди як нафаси масъудӣ.
Боз исто ту ба мобайни китоб
Шеъри ногуфта ба хонандаи ман!
То тасалло бидиҳӣ дар пирӣ,
Ёд орӣ ба ман аз ишқи куҳан.
Назди он ёр гунаҳкорам ман,
Рафт ӯ, ман нашудам з-ӯ ҷӯё.
Хайр, эй ёр, маро ёд макун,
Бахш, эй ишқ, гунаҳҳои маро!
ИСТ ЯК ДАМ
Ист як дам, як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту,
Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам.
Гӯш кун ҳарфи муҳаббат аз дили н-олудае,
Аз дили сӯзони дар ёдат шуда нороҳатам.
Ман нагардидам таваллуд баҳри озори касе,
Халқ гаштам баҳри он ки ҷой бошам дар диле.
Халқ гаштам, ки намирам дар суруди ошиқӣ,
Сӯзаму созам паи корею ҳусни манзиле.
Кофтам чун зиндагиро бо умеди зиндагӣ,
Бо талошу бо муроду мақсади беинтиҳо.
Зиндагонӣ гуфт: бе он нозанини дӯстрӯ
Ҳеҷ гоҳе, ҳеҷ гоҳе ту намеёбӣ маро!
Ман ҷавонам, бе ту роҳи зиндагӣ гум кардаам,
Хандае ё шодие аз ҳолатам бегона шуд.
Мерасад ҳар гаҳ ба гӯшам аз рафиқон ин сухан:
Ҳайф шуд, ки ин ҷавони дӯстрӯ девона шуд.
Чист, гар мирам ман аз дасти ту беному нишон,
Дар сари тобути ман чашме набошад хунфишон.
Кистам ман, чистам ман бе ту дар айёми нек,
Шодии дил охир аз ишқ аст, аммо нест он!
Ман фақат аз ишқи ҷӯшон шодии дил хостам
Баҳри ту, ҳам баҳри худ, ҷононаи хушқоматам.
Ист як дам, як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту,
Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам…
21.9.1962
Ҷавонӣ гӯиё мисли суманбод
Саҳаргоҳе вазиду рафт аз ман,
Фақат як лаҳзаям бӯи хуше дод.
Кунун дар роҳи тӯфон истода
Нигаҳ дорам ба оянда ба уммед,
Гаҳе ларзида, гоҳе уфтода.
Ба ёдам мерасад вақти ҷавонӣ,
Ки шӯху бесару дилшод будам,
Дилам месӯхт дар ишқе ниҳонӣ…
Кунун ташвишҳои зиндагонӣ
Ба ман он гаҳ гуворо менамояд,
Ки созам ёди даврони ҷавонӣ.
Ту, тӯфон, сахттар шав, сахттар шав,
Ки то ёд оварам ман аз ҷавонӣ,
Вазад боди суманбӯ то ки аз нав,
Ки бо ёдаш зи ҷабри ту намирам,
Барои хотири рӯзи гузашта
Туро ман нек истиқбол гирам,
Чу умри одамӣ аз ёр нозест,
Ба роҳи орзуи талху ширин
Ҳамеша хайрбоду пешвозест.
Ҷавонӣ дода меҳратро харидам,
Умедам буд: меёбам саодат,
Вале аз ту вафодорӣ надидам.
Ба мисли сахтборон рехт гӯё
Ҷавониям ба рӯи роҳи мумӣ,
Даме рахшиду пас хушкид он ҷо.
Дар он ҷо як гули хушбӯ нарӯид,
Ки гӯям: ҳаст осори умедам,
Ки гӯям: дӯстон, инро бибӯед!
Макун ёдам, макун ёдам, аз ин пас,
Мапурс аз ҳоли ман дигар, ки дилро
Ҳамин бо нозҳо ранҷонданат бас.
Ҷавонӣ бемуҳаббат нест, дилбар,
Муҳаббат бе ҷавонӣ лек будаст:
Дилам шод аст бо уммеди дигар…
Ҷавонӣ дода, оромӣ надидам,
Ҷавонӣ дода, на ишқе, на меҳре –
Фақат ёде, фақат ёде харидам…
Эй ситора, эй ситора, баъд аз ин хомӯш шав,
Нурафшонӣ макун дигар ба болои сарам.
Шаб ба ҳукми туст, аммо ман ба ҳукми ту наям,
Ман ба ҳукми ёди ширину хаёли дилбарам.
Буд вақте ки зи нури ту ҳаловат мерасид
Бар дили аз ишқ шоду аз ҷаҳон бегонаам.
Лек акнун нури ту монанд бар писхандаест
Он гаҳе, ки нест дар паҳлӯи ман ҷононаам.
Он шабе, ки сӯи ман чашмакзанон будӣ, гузашт,
Ту ҳамонӣ боз ҳоло ҳам, вале ман дигарам.
Ту ҳамонӣ лек ман ғамгину дилозурдаам,
Шодиям андӯҳ шуд, ашк аст дар чашми тарам.
Эй ситора, эй ситора, баъд аз ин хомӯш шав,
Нурафшонӣ макун дигар ба болои сарам.
Ёд бод он шаб, ки ту чашмакзаниҳо доштӣ,
Ёд бод он шаб, ки дидам ман туро бо дилбарам.
18.10.1962
Орзуям буд, дилро дар ҳаёт
Пеш аз он ки ба хокаш биспурам,
Аз раҳи расму русуму эътиқод
Дар вафои ишқи покаш биспурам.
Не, нашуд, ҳарчанд зорӣ кардамат,
Ҳар қадар ки илтиҷо кардам туро,
Ҳар қадар ки ғамгусорӣ кардамат,
Ҳар қадар ки кардам изҳори вафо –
Нашнавидӣ ҳарфи меҳролуди ман
Нолаи ман, нолаи дилдодаро.
Ҳайф донистӣ бароям як сухан,
Як сухан, як ҳарфи айни муддао.
Хайр, навмедам агарчи, лек боз
Як-ду рӯзе зиндагонӣ мекунам.
Шояд оям рӯ ба рӯ дар роҳи рост
Ё ба рӯзи ид бо ту, эй санам.
Рафту гар саргаштагии рӯзгор
Рӯ ба рӯ н-орад маро, бо ту дигар,
Гаҳ-гаҳе дар вақти айшат ёд ор
Аз мани дилдодаи хуни ҷигар.
Серташвишии рӯзи тӯйҳо
Гар насибат гардаду бошӣ ту шод,
Дар миёни шодиву ташвишҳо
Ёд кун боре, азизам, ёд, ёд.
Ёд кун аз он, ки бо чашмони тар
Аз паи ту, аз паи ту медавид.
Дар сари роҳат ситода ҳар саҳар
Баҳри дидан интизорӣ мекашид.
Ёд кун аз он, ки андар ёди ту
Дар муҳаббат, дар вафоят метапид.
Меписандидӣ агар, албатта, ӯ
Бо вафодорӣ ба қадрат мерасид…
22.10.1962
Рафтӣ, рафтӣ, дилбари оташнигаҳ,
Рафтию бурдӣ ту ороми маро.
Рафтию бераҳбарам дар ними раҳ,
Рафтию бурдӣ саранҷоми маро.
Рафтию мумкин намебинам дигар,
Лек мехоҳам ба ту бахти сафед.
Хоҳамат, ки бар муроди дил расӣ,
Гарчи ман бо ту надидам тӯю ид.
Обу хоке, ки маро сабзонда буд
Бо навозишҳо дар айёми баҳор,
Вақташ омад, ки хазонам мекунад,
Мешавам танҳо, ба кунҷе хору зор.
Хайр, эй ҷонони дилбардошта,
Зиндагӣ бо ту насиби ман нашуд.
Лек мехоҳам ба некӣ гоҳ-гоҳ
Ёд кун аз он, ки дар ёди ту буд.
Ёд кун аз он ҷавони дилсафед,
Ки ҷавониро ба ишқат сарф кард.
Ҳазлу шӯхӣ карда бо ту, шод буд,
Бо ту аз ӯ дур буд андӯҳу дард.
Ёд кун аз он ки бо шеъру суруд
Бар ту изҳори муҳаббат карда буд.
Ишқро бо эҳтироми шоирӣ
Мисли байти тозае парварда буд.
Ёд кун аз он ки бо ҷӯшу хурӯш
Шеъри Ҳофизро ба гӯшат хонда буд.
Назди ту дар ҳолати дил гум задан
Ашки хурсандӣ басо афшонда буд.
Шеъри Ҳофиз шодият медод, лек
Шеъри ӯро хонда мегаштӣ ҳазин.
Рашк мебурдию мепурсидӣ ту:
Росташро гӯ, ба васфи кист ин?
Ёд кун аз он ҷавони покдил,
Ки ба сақфи синаат сар монда буд.
Бо суханҳои латифу ширадор
Дар гаҳи ғамгиният хандонда буд.
Оҳ, он даврони ширин даргузашт,
Ёд бод он лаҳзаҳои шодиям,
Ёд бод он гаҳ, ки бо ту гӯиё
Буд хуршеди ҷаҳон дар кисаям.
Оҳ, рафтӣ, бурдӣ айшу нӯшро…
Ман кунун дар зиндагиям ноумед.
Хайр, боре аз сари меҳру вафо
Ёд кун аз он ҷавони дилсафед.
26.10.1962
МАВҶҲО
Мавҷҳо, эй мавҷҳои беқарор
Аз чӣ меларзед бо сад изтироб?
Аз чӣ беором ҳастед ин қадар,
Аз чӣ меларзед чун тори рубоб?
Чашми манро бурд бозии шумо,
Чашму ҳушамро хаёли дилбаре.
Рӯи гулгуне дурахшад дар назар
Нашъае хоҳам зи васли духтаре.
Мавҷҳо, ман интизорам, интизор,
Интизори духтари соҳибҷамол.
Мавҷҳо, ман беқарорам, беқарор,
Аз паи ишқи бузургу безавол.
Мавҷи зулфони сиёҳи ёрро
Оварам бар ёду ҳасрат мебарам.
Сад нишони ёр ҷуста аз шумо
Менамоям ёди зебо дилбарам.
Гарчи мисли мавҷи кокул нестед,
Мавҷи кокул нест ҳам мисли шумо,
Лек охир ошиқи дилбоумед
Дар шумо дарёфт мавҷи зулфро.
Мавҷҳо, гӯед, дар ёди шумо
Ҳаст оё лаҳзаи ҷонпарваре,
Лаҳзаеро ки шуморо, мавҷҳо,
Дида будам бо нигоҳи духтаре?
Мавҷҳо, эй мавҷҳои беқарор
Аз чӣ беором ҳастед ин қадар?
Акс месозед ё бо худ шумо
Беқарории дили манро магар?